Jul.
9
2020

Azamat Sultonov

Интервью Радио Озоди (на тадж. языке) Роғунро бо чӣ роҳе метавон сохт?

Гость (не проверено) | 02/10/12

 

Азамат СултоновАзамат Султонов

Азамат Султонов, хатмкардаи МГИМО - Донишгоҳи равобити байнулмилалии Маскав ва мудири кулли ширкати “Russian Media Solutions” дар Бритониё мегӯяд, бо ҳар вуҷуд, тамоми тоҷикон дар хориҷ бо ҳарорат аз тарҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, бахусус дар баҳс бо ҳамсабақони худ аз кишварҳои ҳамсояе, ки мухолифи ин тарҳанд. Аммо ӯ гуфт, “ин яке аз тарҳҳои барҷастаи давлати Тоҷикистон аст, ки имкони раҳоияш аз муҳосираро фароҳам хоҳад сохт. Аммо тарҳи Роғун ба як қасри ҳубобӣ монанд шудааст. Ба ҷомеа, аз ҷумла тавассути шиору овезаҳои фаровон дар саросари кишвар чунин талқин мекунанд, ки ормони миллии мо ҳамин аст ва агар Роғун сохта шавад, гӯиё ҳама чиз хуб хоҳад шуд.  Ин, ба назари ман, чандон воқеӣ нест. Кишваре, ки ҳатто меху арматура тавлид намекунад ва ин ҳамаро аз берун меорад, наметавонад ба осонӣ Роғунро бисозад.”

 

Азамат Султонов, ки барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар хориҷ бунёди вижаи “Тоҷикинвест”-ро низ ташкил кардааст, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир намешавад ба нерӯи толибилмони тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, умеди зиёд баст. Аз як сӯ, маоши кам дар Тоҷикистон омилест, ки аксари ин тоифаро пас аз хатми таҳсил аз бозгашт ба ватан нигоҳ медорад ва аз сӯи дигар, ба ақидаи ҷаноби Султонов, зарфияти чандсад донишҷӯи тоҷик низ ҳанӯз чандон нест, ки камбуди мутахассисон дар тарҳҳои муҳиме, чун Роғунро пур кунад.

 

 

Аммо Тоҷикистон бояд чӣ кунад, ки Роғунаш сохта шавад? Ба назари бархе ҳамсӯҳбатони мо, Душанберо беҳтар буд, агар бо Тошканд як забони муомила меёфт ва, барои мисол, бо каме поин бурдани баландии сарбанди Роғун, ки Узбакистон мехоҳад, ин кишвари ҳамсояро баръакс ба сохтани ин нерӯгоҳи муҳим моил мекард. Ба ақидаи Азамат Султонов, дараҷаи таъсири мухолифати Узбакистон ба тарҳи Роғун на ба андозаест, ки тасвир ё тасаввур мешавад: “Дар Тоҷикистон мешунавем, ки мегӯянд, маҳз Узбакистон моро намегузорад, ки Роғунро бисозем. Албатта, ҳамеша метавон як душмани берунаро тарошид ва иллати нокомиҳои худро ба он бор кард. Аммо решаи ҳамаи нокомиҳои мо фақат Узбакистон нест.”